Созишнома бо Истифодабаранда (минбаъд «Созишнома»)
Баргузоркунандаи Хизматрасонии «Бозии бурднок» (минбаъд – хизматрасони), ки чамъияти дорои масъулияти махдуди "ТАВАССУИ МОБИЛИ" мебошад, ба маълумот мерасонад, ки бо истифода аз хизматрасони дар натичаи фаъолсозии он бо тартибе, ки дар Созишномаи истифодабаранда муайян гардидааст, Шумо тасдик менамоед, ки Созишномаро хондед, фахмидед ва ба риояи он рози хастед. Бо фаъол кардани хизматрасони бо хар равише, Шумо истифодабарандаи хизматрасони (минтаъд - Истифодабаранда ё Иштирокчи) мешавад, ва мукаррароти Созишномаи мазкур ва конунгузорихои амалкунандаи Чумхурии Точикистон ба пурраги ба Шумо пахн мешавад.
1. Истилохот ва мафхумхо
1.1 Хизматрасонии «Бозии бурднок» ба Истифодабарандаи хизматрасони имконият медихад, ки бо иштирок дар мусобикаи зехни, бо чавоб додан ба саволхо аз сохахои гуногуни дониш пурдонии худро бисанчад.
1.2. Баргузоркунанда – шахси хукукие, ки коидахои иштирок дар хизматрасонии "Бозии бурднок"-ро тахия мекунад.
1.3. Оператор – шахси хукукие, ки хизматрасонии алокаи радиотелефонии сайёрро бо бренди Babilon-Mobile дар худуди Точикистон ва минтакаи фарогирии шабакаи алокаи мобилии Babilon-Mobile фарохам месозад.
1.4. Муштари – шахси вокеие, ки дар асоси шартномаи пешниходи хизматрасонихои алока бо Оператори алокаи мобили, ки тахти тамгаи тичоратии Babilon-Mobile фаъолият мекунад, муштари мебошад.
1.5. Иштирокчи – Муштарие, ки бо кабули Созишномаи мазкур ва номнависи дар асоси кисми 5 Созишномаи мазкур дар хизматрасони иштирок кардан мехохад. Иштирокчи танхо дар асоси раками муштарии Babilon-Mobile муайян карда мешавад.
1.6. Рузи бози – муддати замон аз соати 10:00:00 рузи таквимии чори то соати 09:59:59 рузи таквимии оянда, ки дар давоми он Иштирокчиён бо чавоб додан ба саволхо холхоро ба даст меоранд.
1.7. Мавзуъ – мавзуи саволхое, ки аз чониби Баргузоркунанда таъин гардидааст.
1.8. Унвон – унвони виртуалие, ки Иштирокчи бо чамъ кардани микдори муайяни холхо дар давоми тамоми муддати иштирок дар хизматрасони ба даст оварда метавонад. Ба даст овардани Унвон ба Иштирокчи холи иловаги медихад ва имконияти бештарро дар доираи хизматрасони фарохам месозад.
1.9. Рейтинг – руйхати хамаи Иштирокчиён, ки бо тартиби кам шудани микдори умумии холхои чамъкардаи ин ва ё он Иштирокчи дар давоми тамоми муддати хизматрасони мебошад.
1.10. Голиби Рузи бози – Иштирокчие, ки микдори аз хама бештари холхоро дар Рузи бози ба даст овардааст.
2. Дастурамалхои умуми.
2.1. Иштирокчии хизматрасони шахсоне шуда метавонанд, ки дар асоси шартномаи пешниходи хизматрасонихои алока бо Оператори хамаи минтакахои Точикистон Муштари мебошанд ва ба накшахои тарофави барои шахсони вокеи пайваст шудаанд.
2.2. Баргузоркунандаи баргузоркунии хизматрасонии «Бозии бурднок» чамъияти дорои чамъияти дорои масъулияти махдуди «ТАВАССУТИ МОБИЛИ» мебошад.
2.3. Баргузоркунанда хукук дорад, ки шартхои пешниходи хизматрасониро тагйир дихад ва пешниходи онро катъ намояд. Дар бораи хамаи тагйиротхо Баргузоркунанда вазифадор аст, ки Истифодабарандаро аз тарики чойгир кардани маълумоти дахлдор дар Сайти: http://win.babilon-m.tj ва инчунин нашри он дар Созишномаи мазкур на дертар аз 10 руз то воридкунии чунин тагйирот ошно намояд. Бо маълумоти кайдгардида Истифодабаранда вазифадор аст, ки мустакилона ошно гардад. Шартхои техники, ташкилоти ва тичоратии истифодабарии Хизматрасони аз чумла хамаи хизматрасонихои пулаги аз тарики чойгиркунии он дар Сайт ва дар Созишномаи мазур ба маълумоти Истифодабаранда расонида мешавад.
2.4. Дар хизматрасони шахсони вокеие иштирок карда метавонанд, ки ба синни 18 солаги расидаанд, шахрванди Точикистон мебошанд, ба таври доими дар худуди Точикистон зиндаги мекунанд ва дар асоси шартнома оиди пешниходи хизматрасонихо бо Оператор муштари мебошанд. Дар хизматрасони кормандони Баргузоркунанда ва хешовандони онхо, ва инчунин ширкатхои ба он тобеъ, ва кормандони Оператор иштирок карда наметавонанд. Иштирокчии хизматрасони шахсоне хисобида мешаванд, ки талаботи моддаи мазкур ва инчунин кисми 5 Созишномаи мазкурро конеъ мегардонанд.
2.5. Истифодабарии нармафзор барои ирсоли автоматикии SMS-дархостхо, ва инчунин харгуна маводи дигар, ки ба як Иштирокчи нисбати дигарон бартарии беасос медихад, манъ карда шудааст. Баргузоркунанда хукук дорад, ки бо истифода аз хар равиши конуни аз вайрон кардани шароити пешниходи хизматрасони, ва махсусан моддаи мазкур пешгири намояд. Агар Баргузоркунанда ба содир гардидани амали каллобона аз тарафи Иштирокчи шубханок шавад, Баргузоркунанда хукук дорад, ки бидуни шархи далелхо фаъолияти Иштирокчиро манъ намояд. Иштирокчи ду огохи мегирад. Баъд аз огохии якум фаъолияти Иштирокчи ба муддати 10 дакика манъ карда мешавад, баъд аз огохии дуюм ба муддати 1 соат, ва пас аз огохии сеюм фаъолияташ то анчоми мухлати амали хизматрасони манъ карда мешавад ва дар он иштирок карда наметавонад. Далели чунин коидавайронкуни аз руи маълумоти системае муайян мегардад, ки Баргузоркунанда барои хизматрасони истифода мебарад, хамзамон бо ин маълумоти чунин система катъи хисобида мешаванд, ва Иштирокчи хукуки эътироз кардан ба онро надорад.
2.6. Хамаи шахсоне, ки ба талабот чавобгу нестанд, ё талаботи бандхои 2.4-2.5. Созишномаи мазкурро вайрон кардаанд, дар хизматрасони иштирок карда наметавонанд.
2.7. Маъмурият хукук дорад, ки барои Иштирокчиёне, ки Созишномаро риоя намекунанд, ё хизматрасониро беэътибор мекунанд, ба маънавият ва шаъну шарафи дигар шахсони вокеи ва хукуки ва ё Маъмурияти Хизматрасони таарруз мекунанд, истифодабарии баъзе аз амалиёти Хизматрасони ва ё хамаи Хизматрасониро манъ кунад.
3. Шартхои иштирок дар Хизматрасони
3.1. Барои Иштирокчии Хизматрасони шудан Муштари бояд номнавис шавад.
3.1.1. Барои номнависи равишхои зерин вучуд доранд:
3.1.1.1. гузариш бо шорт-коди *6200#
3.1.1.2. ирсоли SMS паёмак бо ҳаргуна матн ба рақами 6200
3.1.2. Барои катъ кардани иштирок дар Хизматрасони равишхои зерини катъ кардани номнависи вучуд дорад:
3.1.2.1. гузариш бо шорт-коди *6200*0#.
3.1.2.2. ирсоли SMS паёмак бо коди СТОП ба SMS-ракам 6200
3.2. Арзиши иштирок дар Бози - 0.90 сомони дар 1 руз бо дарназардошти тамоми андозхо. Пардохт барои иштирок хар руз аз хисоб кам карда мешавад.
3.3. Барои иштирок дар Мусобика телефони Муштари бояд барои ирсол ва дарёфти SMS паёмакхо танзим шуда бошад.
3.4. Номнависи барои иштирок дар Мусобика новобаста аз хисоби шахсии раками муштари амали карда мешавад, ки Иштирокчи аз он дар Мусобика иштирок карда буд.
3.5. Барои иштирок дар хизматрасонии "Бозии бурднок" Муштарӣ бояд ҳолати суратҳисоби худро назорат карда, миқдори кофии маблағро барои гирифтани ҳаққи хизматрасонӣ таъмин намояд. Дар ҳолати гирифта нашудани маблағ, дастрасии муштарӣ ба хизматрасонӣ қатъ карда мешавад: имконияти бозӣ кардан, ба даст овардани холҳо, ва ДАРЁФТИ МУКОФОТ вуҷуд надорад. Агар дар рӯзи ба ҳисоб гузаронидани мукофот, муштарӣ дар суратҳисоби худ маблағи кофӣ барои гирифтани ҳаққи ҳаррӯзаи хизматрасонӣ надошта бошад, мукофот бекор карда мешавад, ва мӯҳлати амали он ба охир мерасад. Ин банд алайҳи бозингароне мебошад, ки ҳаққи хизматрасониро пардохт накарда, мукофот ба даст меоранд. Зеро онҳо аҳамияти арзишии хизматрасониро барои муштариёне, ки маблағи онро ба таври доимӣ пардохт менамоянд, коҳиш дода, ба онҳо ва Ташкилдиҳанда зарар мерасонанд. Дастрасӣ ба хизматрасонӣ метавонад то як шабонарӯз қатъ гардад.
4. Коидахои иштирок дар Хизматрасони
4.1. Барои он, ки голиби Рузи бози ва ба муддаии дарёфти унвони Голиби Асоси шудан, Иштирокчи бояд бештарин микдори холхоро дар давоми Рузи бози ба даст орад.
4.2. Иштирокчи холхоро дар натичаи иштирок дар мусобикахо ва барои дарёфти Унвонхо ба даст меорад.
4.3. Иштирок кардан дар аввалин мусобика хамзамон бо дарёфти SMS-и огохидиханда оиди фаъолшавии номнависи ба Иштирокчи пешниход карда мешавад.
4.4. Иштирокчи дар хар замони дилхох бо яке аз равишхои зерин ба мусобика икдом намояд:
4.4.1. Ирсоли SMS бо матни «1», барои даъват кардани харифи тасодуфи ба мусобика. Дар ин холат харифи Иштирокчи хамон иштирокчие мешавад, ки аз чониби Баргузоркунанда ба таври ногахони интихоб гардидааст, ва пеш аз ин бо ирсоли фармони мушобех хохиши иштирок кардан дар мусобикаро доштааст.
4.4.2. Ирсоли SMS бо ракам ё ники дигар Муштари, барои махз худи уро ба мусобика даъват кардан. Муштарии даъватшаванда хам Иштирокчии хизматрасони буда метавонад, ва хам набуда метавонад. Мусобика танхо дар холати розигии Муштарии даъватгардида сар мешавад, ки дар давоми 10 дакика аз лахзаи ирсоли даъват, розигии худро бо ирсоли чавоби «хА» тасдик кардааст.
4.4.3. Ирсоли SMS бо матни «0», барои ба мусобика даъват кардани Иштирокчие, ки бо у охирин мусобикаро бози кардааст. Мусобика танхо дар холати розигии Муштарии даъватгардида сар мешавад, ки дар давоми 10 дакика аз лахзаи ирсоли даъват, розигии худро бо ирсоли чавоби «хА» тасдик кардааст.
4.5. хар як мусобика аз 3 савол бо Мавзуъхои гуногун иборат мебошад. Аз чониби Баргузоркунанда ба харду Иштирокчии мусобика саволхои якхела дар шакли SMS-и хамзамон ирсол мегардад. Иштирокчи барои чавоб додан ба хамаи 3 саволи мусобика 5 дакика фурсат дорад.
4.6. Ба Иштирокчи SMS бо савол ва 4 варианти чавоб ба он ирсол мегардад. Яке аз вариантхо дуруст мебошад. Бакияи онхо нодуруст мебошанд. Барои чавоб додан ба савол, Иштирокчи бояд дар SMS-и чавоби хамон вариантеро ирсол намояд, ки ба дуруст мехисобад.
4.7. Дар чавоб Иштирокчи SMS бо чавоби дуруст ва саволи навбатии мусобикаро дарёфт мекунад.
4.8. Эхтимолан саволхое, ки Иштирокчиён дар доираи мусобика дарёфт мекунанд, такрор шаванд.
4.9. Баргузоркунанда натичаи мусобикаро баъд аз дарёфти хамаи чавобхо аз Иштирокчиён ва ё баъд аз итмоми вакти чудогардида ба мусобика чамъбаст менамояд.
4.10. Барои чамъбаст кардани натичахо хамаи чавобхои дурусте, ки аз Иштирокчиён дар давоми муддати баргузории мусобика дарёфт гардидаанд, дар назар гирифта мешаванд.
4.11. Голиби мусобика Иштирокчие хисобида мешавад, ки ба бештарин микдори саволхо чавоби дуруст додааст. Дар баробари ин, дар холати голиб омадан бар Иштирокчие, ки рейтинги бехтар дорад, Иштирокчи ё ба таври иловаги ё хол ба даст меорад.
4.12. Агар харду Иштирокчи дар доираи як мусобика ба микдори баробари саволхо чавоби дуруст дода бошанд, натичаи ин мусобика мусови мешавад. Дар баробари ин Иштирокчие, ки ба саволхо зудтар чавоб додааст, ба таври иловаги 1 хол ба даст меорад.
4.13. Дар соати 10:00:00 баъд аз анчомёбии Рузи бози Иштирокчие, ки дар давоми Рузи бози бештарин холхоро ба даст овардааст, муайян карда мешавад. Ин Иштирокчи аз Баргузоркунанда SMS дарёфт мекунад, ки голиб ба расмият шинохта шудани уро хабар медихад. Инчунин барои ба даст овардани унвони Голиби Асоси, имконияти даъват кардани Голиби Асосии амалкунандаро ба мусобика ба даст меорад.
4.14. Барои ба мусобика даъват кардани Голиби Асоси, голиби Рузи бози бояд то соати 10:30:00 ба раками хизматрасони «ХА»-ро ирсол намояд.
4.15. Дар холати дарёфти тасдик аз голиби Рузи бози, ба Голиби Асоси SMS бо пешниходи иштирок дар мусобика барои хифзи унвони Голиби Асоси ирсол мегардад. Голиби Асоси барои кабули даъват 30 дакика фурсат дорад, ва бояд SMS бо матни «ХА»-ро ба раками хизматрасони ирсол карда, розигии худро тасдик намояд.
4.16. Агар голиби Рузи бози аллакай Голиби Асоси бошад, пас мусобика барои хифзи унвон баргузор карда намешавад.
4.17. Дар мусобика барои унвони Голиби Асоси натичаи мусови вучуд надорад. Агар голиби Рузи бози ва Голиби Асоси ба микдори баробари саволхо чавоб дода бошанд, пас голиби Рузи бози голиби мусобика хисобида мешавад.
4.18. Натичахои эхтимолии мусобика барои унвони Голиби Асоси:
4.18.1 Голиби Рузи бози даъват ба мусобикаи Голиби Асосиро тасдик накард, ва ё ин корро баъд аз мухлати таъингардида анчом дод. Дар ин холат Голиби Асосии амалкунанда унвонашро хифз мекунад.
4.18.2 Голиби Асоси даъват ба мусобикаро аз голиби Рузи бози кабул накард, ваё ин корро дертар аз 30 дакика анчом дод. Дар ин холат унвони Голиби Асоси ба голиби Рузи бози мегузарад.
4.18.3 Мусобика байни Голиби Асосии амалкунанда ва голиби Рузи бози баргузор шуд. Инчунин Голиби Асосии амалкунанда дар мусобика голиб омад. Дар ин холат Голиби Асосии амалкунанда унвонашро хифз мекунад.
4.18.4 Мусобика байни Голиби Асосии амалкунанда ва голиби Рузи бози баргузор шуд. Инчунин голиби Рузи бози дар мусобика голиб омад. Дар ин холат унвони Голиби Асоси ба голиби Рузи бози мегузарад. у инчунин бурди иловаги ба даст меорад.
4.19. То анчом ёфтани мусобика барои унвони Голиби Асоси, Голиби Асосии амалкунанда ва голиби Рузи бози дар дигар мусобикахо иштирок карда наметавонанд.
4.20. Голиби мусобика барои унвони Голиби Асоси холхои иловагиро ба даст намеорад.
4.21. Иштирокчи дар давоми тамоми муддати амали хизматрасони бо чамъ кардани микдори муайяни холхо Унвони виртуали ба даст оварда метавонад:
4.21.1. Агар Иштирокчи дар давоми амали Мусобика 10 хол чамъ кунад, пас у сохиби Рутбаи-1 мешавад. Ин Унвон ба Иштирокчи 5 холи иловагии яккарата меорад, ва имконияти таъини никро фарохам месозад. Минбаъд хамаи Иштирокчиёни бокимонда ин Иштирокчиро бо хамон нике мебинанд, ки у ворид мекунад.
4.21.2. Агар Иштирокчи дар давоми муддати амали Мусобика 50 хол ба даст орад, пас у сохиби Рутбаи-2 мешавад. Ин унвон ба Иштирокчи 10 холи иловагии яккарата меорад, ва имконияти дастраси ба саволхо оиди Мавзуи навро фарохам месозад.
4.21.3. Агар Иштирокчи дар давоми муддати амали Мусобика 200 хол ба даст орад, пас у сохиби Рутбаи-3 мешавад. Ин унвон ба у 20 холи иловагии яккарата меорад, ва имконияти интихоби мавзуи дустдоштаашро фарохам месозад. Иштирокчиёне, ки рейтинги пасттар доранд, хангоми мусобика бо ин Иштирокчи саволхоро аз мавзуи дустдоштаи у дарёфт мекунанд.
4.21.4. Агар Иштирокчи дар давоми муддати амали Мусобика 500 хол ба даст орад, пас у сохиби Рутбаи-4 мешавад. Ин унвон ба Иштирокчи 30 холи иловагии яккарата меорад, ва имконияти дастраси ба саволхо аз Мавзуи навро фарохам месозад.
4.21.5. Агар Иштирокчи дар давоми муддати амали Мусобика 1000 хол ба даст орад, пас у сохиби Унвони Рутбаи-5 мешавад. Ин унвон ба Иштирокчи 50 холи иловагии яккарата меорад, ва имконияти интихоби 2 мавзуи ба шумо номахбубро фарохам месозад, ки дар мусобика аз онхо ба Иштирокчи савол дода намешавад.
4.22. Иштирокчи дар давоми Рузи бози дар микдори номахдуди мусобикахо иштирок карда метавонад. Инчунин Иштирокчи ба таври иловаги тарофабанди намешавад.
4.23. Микдори хадди аксари холхое, ки Иштирокчи дар давоми Рузи бози ба даст оварда метавонад, номахдуд мебошад.
4.24. Хар як Иштирокчи имконият дорад, ки омори чавобхо ба хар гуна саволи мусобикаро, ки дар давоми тамоми муддати хизматрасони аз дигар Иштирокчиён дарёфт гардидаанд, дарёфт намояд . Барои ин у бояд то чавоб ба саволи дар мусобика додашуда фармони «!»-ро ирсол намояд. Ба хар як Иштирокчи имконият дода мешавад, ки аз амалиёти мазкур на бештар аз 10 маротиба дар давоми Рузи бози истифода барад. Фурсатхои истифоданашуда дар давоми Рузи бози ба сифр баробар мешаванд ва чуброн карда намешаванд.
5. Коидахои ба даст овардани холхо
5.1. Голиби мусобика 2 (ду) хол ба даст меорад. Факат мусобика барои унвони Голиби Асоси истисно мебошад, ки дар натичаи он холхо дода намешавад.
5.2. Дар холати голиб омадан бар Иштирокчие, ки рейтинги баландтар дорад, Иштирокчии голибомада 1 (як) холи иловаги ба даст меорад.
5.3. Агар дар давоми Рузи бози бар хамон хариф 3 маротиба голиб ояд, додани холхо дар натичаи мусобикахо ба Иштирокчи то охири Рузи бозии чори катъ мегардад.
5.4. Агар Иштирокчи дар 3 мусобика пай дар пай голиб ояд, пас у 2 (ду) холи иловаги ба даст меорад. Мусобика барои унвони Голиби Асоси истисно мебошад, ки натичаи он дар назар гирифта намешавад.
5.5. Агар мусобика бо натичаи мусови тамом шавад, хар як Иштирокчи 1 (як) хол ба даст меорад. Мусобика барои унвони Голиби Асоси истисно мебошад, ки дар он дар он хеч кадоме аз харифхо ягон чавоби дуруст надодааст. Дар натичаи чунин мусобикахо холхо дода намешаванд.
5.6. Иштирокчие, ки дар мусобикахо зудтар аз хариф ба саволхо чавоб додааст, ва натичаи онхо мусови мебошад, 1 (як) холи иловаги ба даст меорад.
5.7. Иштирокчие, ки сохиби Рутбаи-1 шудааст, 5 (панч) холи яккарата ба даст меорад.
5.8. Иштирокчие, ки сохиби Рутбаи-2 шудааст, 10 (дах) холи яккарата ба даст меорад.
5.9. Иштирокчие, ки сохиби Рутбаи-3 шудааст, 20 (бист) холи яккарата ба даст меорад.
5.10. Иштирокчие, ки сохиби Рутбаи-4 шудааст, 30 (си) холи яккарата ба даст меорад.
5.11. Иштирокчие, ки сохиби Рутбаи-5 шудааст, 50 (панчох) холи яккарата ба даст меорад.
5.12. Дар холате, ки агар Иштирокчи дигар Муштариро ба мусобика даъват намояд, ки дар холи хозир иштирокчии хизматрасони намебошад ва то ба хол хеч гох иштирокчии хизматрасони набуд, ва ин Муштари дар давоми 10 дакика даъватро бипазирад, пас Иштирокчи 20 (бист) холи иловаги ба даст меорад. Микдори холхои иловагии эхтимолие, ки бо ин равиш ба даст меоянд, барои Иштирокчи махдуд намебошад.
5.13. Иштирокчи даъват барои бози кардан дар мусобикаи хуштолеъро дарёфт карда метавонад. Замони баргузории мусобикаи хуштолеъ, ва инчунин руйхати иштирокчиёне, ки он барои онхо дастрас мебошад, дар асоси алгоритмхои дохилии Баргузоркунанда муайян карда мешаванд, ва танхо аз замони расидани охирин дархост аз Иштирокчи вобаста мебошанд. Иштирокчи дар бораи он, ки у дар мусобикаи хуштолеъ иштирок мекунад ва дар бораи микдори холхое, ки у дар натичаи он дар SMS бо даъват ба мусобика ба даст меорад, огох карда мешавад.
5.14. Ба чои мусобикаи одди ба хамаи Иштирокчиён бо мухлати аз чониби Оператор таъингардида иштирок дар аксияи бонусии «Мусобикаи 3*3» пешниход карда мешавад. Дар доираи «Состязания 3*3» Иштирокчиён бояд ба 3 савол аз мавзуъхои гуногун чавоб диханд. Муддати хадди аксари мусобика – 3 дакика аст. Барои галаба дар «Мусобикаи 3*3» Иштирокчи 6 (шаш) хол ба даст меорад. хамчунин Иштирокчи барои галаба бар Иштирокчии дорои рейтинги баланд 3 (се) хол ба даст меорад. Дар холати мусови Иштирокчиёни «Мусобикаи 3*3» 3 (се) хел ба даст меоранд, ва Иштирокчие, ки зудтар чавоб додааст, 3 (се) холи иловаги ба даст меорад.
5.15. Ба чои мусобикаи одди ба хамаи Иштирокчиён бо мухлати аз чониби Оператор таъингардида иштирок дар аксияи бонусии "Курхариди кардан" пешниход карда мешавад. Дар доираи ин аксияи бонуси ба Иштирокчи савод дода мешавад ва пешниход карда мешавад, ки аз 4 чавоби пешниходшуда, ки дар байни чавобхои дигар Иштирокчиёни Хизматрасони зиёдтар дида мешавад, якеашро интихоб кунад. Дар холате, ки агар чавоби Иштирокчи ба бештарин чавоб ба саволи мазкур мутобикат намояд, Иштирокчи 10 (дах) хол ба даст меорад. Дар гайри ин холат Иштирокчи 1 (як) холро аз даст медихад. Иштирокчи хукуки даст кашидан аз иштирок дар аксияи бонусиро дорад. Барои ин у бояд ба чои давоб ба саволи пурсидашуда ба Раками фармони «-» -ро ирсол намояд.
5.16. Дар холати иштироки харруза дар Хизматрасони Иштирокчи дар доираи аксияи «Аввалин мусобика» холхои иловаги ба даст меорад. Мутобик бо шартхои аксия дар холати иштироки харруза дар мусобикахо Иштирокчи холхои иловаги ба даст меорад. Дар баробари ин хам холати даъвати Иштирокчи ба мусобика, ва хам холати даъват ба мусобика, ки аз чониби Иштирокчи дарёфт гардидаанд, ба инобат гирифта мешаванд. Дар холате, ки агар бо ягон сабаб Иштирокчи иштироки харрузаи худро дар хизматрасони катъ кунад, ба хисобаш гузаронидани холхои иловаги баъд аз баргаштани у аз нав идома меёбанд. Дар баробари ин нуктаи хисобкунии рузхои иштироки пай дар пай дар хизматрасони ба сифр баробар карда мешавад. Холхои иловаги дар доираи аксия як маротиба дар давоми хар Рузи бози ба хисоб гузаронида мешаванд, аз натичаи мусобика вобаста нестанд ва ба маълумоти чадвали зерин мутобикат мекунанд.
| Микдори рузхои иштироки харрузаи пай дар пай дар Хизматрасони | Холхои иловаги дар чорчубаи "Аввалин мусобика" |
| 1 | 5 (панч) |
| 2 | 10 (дах) |
| 3 | 11 (ёздах) |
| 4 | 12 (дувоздах) |
| 5 | 13 (сенздах) |
| 6 | 14 (чордах) |
| 7 | 15 (понздах) |
6. Чорахо барои хавасмандсози дар чорчубаи Хизматрасони.
6.1. Бо максади хавасмандсозии иштироки фаъол дар Хизматрасони мусобика баргузор карда мешавад, ки дар доираи он Иштирокчи ба суратхисоби телефони мобилие, ки бо он дар Хизматрасони иштирок карда истодааст, бурди пули ба даст оварда метавонад.
6.2. Фонди мукофотие, ки боиси пешравии чорабини мешавад, аз хисоби Баргузоркунанда таъмин мегардад. Иштирокчиёни хизматрасони бо тафсилоти руйхати бурдхо бо истинод сайти зерин маълумот ба даст оварда метавонанд: http://win.babilon-m.tj
6.3. Андозахои бурдхо ба чадвали дар поён овардашуда мутобик мебошад.
| Меъёр барои дарёфти бурд | Андозаи бурде, ки ба суратхисоби телефони мобилии Иштирокчи гузаронида мешавад, сомони. |
| 1. Голиби Рузи бози | 10 |
| 2. Голиби Рузи бози дар холати галаба бар Голиби Асоси | 10 |
| 3. Голиби Асоси, дар холати хифзи унвон | 10 |
| 4. Тухфаи хафтаина ба пешсафи рейтинг | |
|
чои 1-ум чои 2-юм чои 3-юм чои 4-ум чои 5-ум |
10 10 10 10 10 |
| 5. Тухфаи хармоха ба пешсафи рейтинг оиди хамаи мавзухо (чамъбасти санаи 1-ум) | 100 |
Андозаи бурде, ки ба суратхисоби телефони мобилии Иштирокчи гузаронида мешавад, сомони.
6.4. Иштирок дар чорабинихои хавасмандсози аз ду ва якчанд ракамхои абоненти, ки ба як Иштирокчи тааллук доранд, манъ карда шудааст. Иштирокчи барои риоя накардани банди мазкур ва конунгузории амалкунандаи Точикистон вобаста ба зарурати пардохт андоз аз даромади шахсони вокеи, ки дар шакли бурдхои дарёфтгардида барои галаба дар мусобикахо ва чорабинихои хавасмандгардони аз якчанд манбаъ ба даст овардааст, шахсан вазифадор мебошад.
6.5. Агар Баргузоркунанда ошкор намояд, ки Иштирокчи банди 2.5. Созишномаи мазкурро риоя накардааст, Баргузоркунанда хукук дорад, ки чунин Иштирокчиро голиб хисоб накунад, ва хукук дорад, ки шахси дигареро хамчун голиб интихоб намояд, ки бештарин холхоро ба даст овардааст.
6.6. Шахсоне, ки талаботи бандхои 2.4.-2.5. Созишномаи мазкурро риоя намекунанд, барои дарёфти бурдхо иддао карда наметавонанд. Дар холате, ки Баргузоркунанда ё Оператор чунин шахсонро дар хар яке аз мархилахои тахияи хизматрасони ошкор намояд, онхо хукуки дарёфти мукофотхоро аз даст медиханд. Маблагхои пулие, ки аз чониби чунин Иштирокчиён барои иштирок дар хизматрасони сарф шудаанд, баргардонида намешаванд. Фонди бурди ба андозаи бурди чунин шахсон кам кохиш меёбад.
6.7. Баргузоркунанда аз тарики ирсоли SMS-паёмакхо ба ракамхо телефони муштарихое, ки аз онхо иштирок карда буданд, голибонро огох менамояд.
6.8.1. Голиби Рузи бози дар соати 10:00 огох карда мешавад.
6.8.2. Дар холати галаба бар Голиби Асоси, голиби Рузи бози баъд аз анчоми мусобика ва ё агар Голиби Асоси даъват ба мусобикаро кабул накарда бошад, дар соати 11:00 огох карда мешавад.
6.8.3. Голиби Асоси дар холате, ки унвони худро хифз намояд, баъд аз анчоми мусобика бо голиби Рузи бози, ва ё дар холате, ки аз голиби Рузи бози даъват барои мусобика бо Голиби Асоси дарёфт накардад, дар соати 10:30 огох карда мешавад.
6.8.4. Голибони мох оиди хар як Мавзуи хизматрасони дар соати 10:00 рузи 1-уми мохи хисоботии оянда огох карда мешаванд.
6.9. Голиб новобаста аз муваффакият ба дарёфти SMS-и огохкунанда ба бурд иддао карда метавонад.
6.10. Бурд ба суратхисоби телефони мобилии Иштирокчи дар асоси раками муштари, ки аз он у дар хизматрасони иштирок карда буд, гузаронида мешавад, ба шарте, ки дар давоми 6 рузи кори баъд аз ирсоли SMS- паёмаки огохкунанда ба раками муштари, ки аз он Иштирокчи дар хизматрасони иштирок карда буд, шартхои Созишномаи мазкурро ичро карда бошад,.
6.11. Иштирокчи барои дастрас будани раками мобилие, ки аз он дар хизматрасони иштирок карда буд, бо максади дарёфти SMS-паёмакхо вазифадор мебошад.
6.12. Натичахои хизматрасони аз чониби Баргузоркунанда ба таври мустакилона муайян карда мешавад, ва он нихои мебошад. Баргузоркунанда хукук дорад, ки хамаи масъалахои бахснокро вобаста ба интихоби голибон мустакилона хал намояд.
6.13. Андозаи бурдхо эхтимолан дар давоми амали Созишномаи мазкур тагйир ёбанд, ба шарте ки маълумоти дахлдор дар Сайти http://win.babilon-m.tj гузошта шуда бошад, ва инчунин дар холате, ки он дар Созишномаи мазкур на дертар аз 10 (дах) руз то ворид кардани чунин тагйирот нашр гардад.
6.14. Бурдхо танхо аз тарики гузаронидан ба раками муштари, ки Иштирокчи аз он дар хизматрасони иштирок кард, дода мешаванд. Дигар вариантхои додани бурдхо манъ карда шудааст.
6.15. Бо кабули шартхои ин Созишнома Иштирокчи рози мешавад, ки маблагхои пулие, ки мутобик бо шартхои Созишнома бояд ба суратхисоби телефони мобилии Иштирокчи гузаронида шаванд, тибки мукаррароти Кодекси андози Точикистон хамчун даромади шахси вокеи хисобида мешаванд. ЧДММ «ТАВАССУТИ МОБИЛи» Иштирокчиёнро аз руи ракамхои абоненти, ки тавассути онхо дар хизматрасони иштирок мекунанд, дар асоси шахсияташон ба хисоб мегирад.
6.16. Маблағи бурди Иштирокчӣ барои соли тақвимӣ наметавонад аз 4900 сомонӣ зиёд бошад. Дар ҳолате, ки агар Иштирокчӣ ба бурди бештар назар ба фарқияти байни тамоми бурдҳои дар соли тақвимии ҷорӣ ба даст овардашуда ва 4900 сомонӣ талабгор бошад, пас ҳаҷми бурди вай чунон кам карда мешавад, ки он ҳудуди мазкурро нагузарад. Бурдҳои бештар аз 4900 сомонӣ ба Иштирокчиён пардохт карда намешавад. Воситаҳои пулии аз тарафи чунин Иштирокчиён бо сабаби иштирок дар Хизматрасонӣ (Сервис) масрафшуда, баргардонида намешавад. Фонди мукофотӣ ба маблағи бурди чунин шахсон кам карда мешавад.
7. Мукаррароти нихои
7.1. Хизматрасони дар истилохоти истифодашавандаи конунгузории Точикистон, ки дар лахзаи кабули Созишномаи мазкур амал мекард, лотореяи ташвиккунанда ё киморбози ба хисоб намеравад, зеро Иштирокчи ба хатархои иловаги дучор намешавад, голибон ба таври эхтимоли муайян карда намешаванд, ва фонди бурд аз хисоби Баргузоркунанда ташкил карда мешавад.
7.2. Иштирокчиён ва голибон бо хохиши Баргузоркунанда ва/ё Оператор оиди иштирок дар хизматрасони гузориш дода метавонанд. Иштирокчи рози мешавад, ки сабтхои гузоришхои номбурда эхтимолан аз чониби Баргузоркунанда ва/ё Оператор аз чумла барои эчоди маводхои рекламави ва маълумотдихи бо максади минбаъд дар радио, телевизион истифода бурдан, ва ё барои тайёр кардани маводхои графики рекламави истифода бурда мешаванд. хамин тавр Иштирокчиён розиги медиханд, ки хамаи хукукхо барои истифодабарии гузоришхои номбурда бо Иштирокчиён ва Голибон бидуни махдудияти мухлат, худуд, равишхо ва навъхои истифодабари ба Баргузоркунанда ва/ё Оператор тааллук доранд, ва бо хохиши Баргузоркунанда ва/ё Оператор аз чониби Баргузоркунанда ва/ё Оператор ба шахсони сеюм дода шаванд.
7.3. Бо иштирок дар хизматрасони Иштирокчиён рози мешаванд, ки Баргузоркунанда ва Оператор, ва инчунин шахсоне, ки аз чониби онхо бо максади баргузории хизматрасони чалб гардидаанд, маълумотро байни якдигар табодул мекунанд, аз чумла маълумот оиди иштироки Иштирокчи дар хизматрасони (аз чумла маълумот оиди маълумоти шахсии Иштирокчиён ва чузъиёти дархостхои аз чониби Иштирокчиён ирсолгардидаро коркард мекунанд.
7.4. Бо иштирок дар хизматрасони Иштирокчи ба таври ихтиёри розиги медихад, ки Баргузоркунанда ва Оператор, ва нафароне, ки бо максади амалисозии хизматрасони чалб гардидаанд, барои амалисозии тамос бо Иштирокчи дар доираи хизматрасони, пардохти бурдхо ва пешниходи маълумот ба Макомоти Андози ЧТ амалиёти вобаста ба чамъовари, нигохдори, вогузори ба шахсони сеюм, коркард ва истифодабарии маълумоти шахсии чунин Иштирокчиро анчом диханд. Барои ичрои чунин амалиёт аз чониби Баргузоркунанда ва Оператор, ва нафароне, ки бо максади амалисозии хизматрасони чалб гардидаанд, дарёфти хар гуна ичозат аз Иштирокчи ва огохсозии махсуси Иштирокчиро бораи ичрои амалиёти номбурда талаб намекунад. Розигии Иштирокчи барои истифодабарии маълумоти шахсии дар боло зикргардида, дар давоми мухлати баргузории хизматасони ва додани бурдхо амал мекунад. Иштирокчи бо додани розиги дар банди мазкур, ба имкони интиколи маълумоти аз чониби у пешниходгардида аз тарики каналхои мухофизатнашудаи шабакаи Интернет розиги медихад. Иштирок дар хизматрасони ба маънои ошнои ва розигии пурраи Иштирокчиён бо Созишномаи мазкур мебошад.
7.5. Баргузоркунандаи хизматрасони хукук дорад, ки дар хар замони дилхох шартхо ва тартиби баргузории хизматрасониро тагйир дихад.
Маълумот дар бораи тагйирёбии коидахо дар сайти интернетии Баргузоркунанда чойгир карда мешавад: на камтар аз 10 (дах) руз то эътибори хукуки пайдо кардани тагйирот.
7.6. Хангоми рух додани холатхое, ки дар натичаи он тафсири нодурусти мафхуми шартхои мазкур ба вучуд меояд, ва инчунин харгуна масъалахои бахснок ва/ саволхо пеш меоянд, ки онхо дар Созишномаи мазкур танзим нашудаанд, карори нихои аз чониби Баргузоркунандаи хизматрасони кабул карда мешавад.
7.7. Оператор барои раванди додани бурдхо, ва инчунин барои харгуна эътирозхои вобаста ба он аз Иштирокчиён ва шахсони сеюм масъулият надорад.