TJ
Бозии бурднок
Бозии бурднок Викторинаи зехни

Саволхои паихам

Ба шумо хондани коидахои пешниходи хизматрасониро пешниход менамоем. Дар он чо шумо ба аксари саволхоятон чавоб ёфта метавонед.

Фармонхои идоракуни

Фармонхои 1,2,3,4 - дар вакти мусобика - раками чавоби дуруст аз 1 то 4;
Фармони 1 - даъват кардани харифи тасодуфи ба мусобика;
Фармони Раками телефон ё Ники муштари - даъват кардани харифи муайян ба мусобика;
Фармони 0 - даъват кардани Иштирокчие, ки состязания охиринро бо у бози кардед;
Фармони 2 - дастур барои даъвати дуст ба мусобика;
Фармони 3 - азназаргузаронии гузаронидани рейтинги якрузаи худ;
Фармони 31 - азназаргузаронии рейтинги мохонаи худ;
Фармони 4 - азназаргузаронии омор: чанд хол аз хар як мавзуъ;
Фармони 5 - азназаргузаронии унвонхои худ;
Фармони 6 - азназаргузаронии коидахои кутох.

Се фармон баъд аз чамъоварии микдори муайяни холхо дар бози дастрас мегарданд (фармонхои бонуси):
Фармони 7 - таъин кардани ники худ;
Фармони 8 - таъин кардани мавзуи дустдошта - саволхо дар мусобика хатман аз хамин мавзуъ мешаванд (агар барои хариф ин мавзуъ номахбуб набошад);
Фармони 9 - таъин кардани мавзухои номахбуб - аз мавзуъхои мазкур савол пурсида намешавад;

Фармони ХА:
- кабул кардани даъват ба мусобика;
'- даъват кардани Бозии бурднок ба мусобика дар аввалин ним соат баъд аз ба охир расидани рузи бози (барои барандаи рейтинги якруза).

Фармони МАШГУЛ - манъи дарёфти даъват ба мусобикаро барои 24 соати оянда таъин намоед.

Фармони ! - хар як Иштирокчи имконият дорад, ки омори чавобхо ба хар гуна саволи мусобикаро дарёфт намояд, ки онхо аз дигар Иштирокчиён дар давоми хизматрасони дарёфт гардидааст. Барои ин у бояд фармони «!»-ро то чавоб ба саволи додашуда дар чорчубаи мусобика ирсол намояд. Ба хар як Иштирокчи имконият дода мешавад, ки аз ин амалиёт на зиёда аз 10 маротиба дар давоми Рузи бози истифода намояд .

Чи тавр Голиби Асоси шудан мумкин аст?

Голиби рузи якуми бози ба таври автоматики Голиби Асоси мешавад. голиби хар рузи нави бози имконият дорад, ки Голиби Асосиро ба мусобика даъват намояд. Дар холати голибият унвон аз они у мешавад. Агар Голиби Асоси голиб ояд, пас унвони худашро хифз мекунад. Агар голиби рузи бози новобаста аз он Голиби Асосии амалкунанда бошад, пас мусобика баргузор карда намешавад.

Холхоро чи хел чамъ мекунанд?

Барои чамъ кардани холхо, шумо бояд дар мусобикахо иштирок намоед.

Барои хар як голибият шумо 2 хол ба даст меоред, ва агар ба харифи рейтинги баланд голиб оед, боз 1 холи дигар ба даст меоред. Барои хар 3 галабаи пай дар хам шумо боз 2 холи иловаги ба даст меоред. Вале агар шумо дар давоми рузи бози ба хамон як хариф 3 маротиба маглуб кунед, пас холхои чамъбасти мусобикахо бо он хариф дигар ба шумо дода намешаванд.

Барои хар як мусови шумо 1 хол, ва агар пештар аз хариф чавоб дихед, боз 1 холи иловаги ба даст меоред.

Агар на аз шумо ва на аз харифатон ягон чавоби дуруст наояд, пас дар натичаи чунин мусобика холхо дода намешаванд.

Шумо инчунин хамзамон бо дарёфти унвонхо холхои иловаги ба даст оварда метавонед.

Унвонхо чи хастанд ва онхо барои чи лозиманд?

Бо чамъ кардани холхо дар мусобика, шумо унвонхоро ба даст меоред. Унвонхо ба шумо имконият медиханд, ки на танхо дар рейтинг аз дигарон фарк дошта бошед, балки метавонед, ки холхои иловаги ба даст оварда имкониятхои нави бозиро кушоед.

Агар шумо дар давоми муддати амали мусобика 10 хол ба даст оред, сохиби Рутбаи-1 мешавед. Ин унвон ба шумо 5 холи иловагии яккарата меорад ва имконияти таъин кардани никро фарохам месозад. Баъд аз он хамаи истифодабарандагон шуморо дар мусобика бо хамон ник мебинанд, ки шумо ворид мекунед.

Агар шумо дар давоми муддати амали мусобика 50 хол ба даст оред, шумо сохиби Рутбаи-2 мешавед. Ин унвон ба шумо 10 холи иловагии яккарата меорад ва имконияти дастраси ба саволхо оиди мавзуи "Техника"-ро фарохам месозад.

Агар шумо дар давоми муддати амали мусобика 200 хол ба даст оред, шумо сохиби Рутбаи-3 мешавед. Ин унвон ба шумо 20 холи иловагии яккарата меорад, ва имконияти интихоби мавзуи дустдоштаатонро фарохам месозад. Иштирокчиёне, ки рейтинги пасттар доранд, хангоми мусобика бо шумо саволхоро аз мавзуи дустдоштаи шумо дарёфт мекунанд.

Агар шумо дар давоми муддати амали мусобика 500 хол ба даст оред, шумо сохиби Рутбаи-4 мешавед. Ин унвон ба шумо 30 холи иловагии яккарата меорад, ва имконияти дастраси ба саволхо аз мавзуи "Варзиш"-ро фарохам месозад.

Агар шумо дар давоми муддати амали мусобика 1000 хол ба даст оред, шумо сохиби унвони КНЯЗ мешавед. Ин унвон ба шумо 50 холи иловагии яккарата меорад, ва имконияти интихоби 2 мавзуи ба шумо номахбубро фарохам месозад, ки аз онхо ба шумо савол дода намешавад.